Палатаи поёнии парлумон тағйироту иловаҳои пешниҳодшудаи гурӯҳе аз вакилон ба қонун «Дар бораи мақомоти прокуратура»-ро дастгирӣ кард.
Зимни шарҳи ин тағйироту илова ба вакилон яке аз муаллифони он, вакил Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода зикр кард, ки аз ин ба баъд барои ҳамаи прокуророни Тоҷикистон дар сатҳҳои гуногун муовини аввал таъин карда мешавад.
«Танҳо ба прокурори генералӣ, муовинони ӯ, сарпрокурори ҳарбӣ, прокуророни вилояту шаҳр ва ноҳияҳо ҳуқуқ дода мешавад, ки барои ҳабси шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ санади иҷозат диҳанд», - гуфт вакил.
Ба гуфтаи ӯ, дар тағйироту иловаҳо ҳамчунин ҷорӣ намудани нишонҳои фарқият дар мақомоти прокуратура низ пешбинӣ шудааст, ки бо пешниҳоди прокурори генералӣ президенти ҷумҳурӣ тасдиқ мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста