Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи як қатор Созишномаву Конвенсияҳоро баррасӣ карданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии МНМО ҶТ, дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи Қонунҳои ҶТ «Дар бораи нафт ва газ», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ, «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки ҶТ», Созишнома оид ба ҳамкории гуногунҷабҳа байни Вазорати корҳои дохилии ҶТ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Созишнома байни ҳукумати ҶТ ва ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, Созишнома байни ҶТ ва Бонки Исломии Рушд (ҳамчун маъмури Барномаи «Фаел Хайр») вобаста ба татбиқи маблағгузории бебозгашти «Фаел Хайр» барои харидорӣ ва истифода намудани клиникаҳои сайёр дар деҳот дар доираи Барномаи «Фаел Хайр» оид ба таъсиси клиникаҳои сайёр дар баъзе давлатҳо ва ҷомеаи мусулмонӣ, Конвенсия байни ҶТ ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, баррасӣ ва муҳокима шуданд.
Гуфта мешавад, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи даъвати ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми МНМО ҶТ даъвати чорум ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми МНМО ҶТ даъвати чорум» низ баррасӣ шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста