Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи нахусти Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷаласаи Шӯро протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Протоколи Конвенсия байни ҶТва Ҷумҳурии Австрия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, дар бораи Созишномаи грантӣ (Лоиҳаи тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ) байни ҶТ ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд, Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмони корхонаи истеҳсолии креолит ва фториди алюминий ва корхонаи истеҳсоли кислотаи сулфат дар ҳошияи таҷдиди ТАЛКО» байни Ҳукумати ҶТ ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Гуфта мешавад, дар ҷаласа ҳамчунин Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой дар хусуси«Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа, қитаъи Ваҳдат-Ёвон» ва Созишномаи қарзи имтиёзноки ҳукуматӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба «Сохтмони навбати дуюми «Маркази барқу гармидиҳии-2 шаҳри Душанбе»бо иқтидори 2х150 МВт» низ баррасӣ шуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста