Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ доир гардида, дар он масъалаҳои ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи моратория ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолот», «Дар бораи таъминоти нафақавии шаҳрвандони ҶТ» ва Кодекси ҷиноии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳамммадато Султонов хабар дод, бо қарори Шӯро масъалаҳои марбут ба тасдиқи Шартнома миёни Тоҷикистон ва Чин дар бораи истирдод, Созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Покистон дар бораи таъсиси гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо терроризми байнулмилалӣ ва Конвенсия дар бораи имтиёзот ва дахлнопазирӣ (иммунитет)-и муассисаҳои махсуси СММ ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи наздики иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагон даъвати чорум пешниҳод мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста