Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи охирини даъвати кунунии Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ доир гардид.
Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯрои масъалаҳои марбут ба ворид намудани тағийроту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ шуданд.
«Бо пешниҳоди ҳукумат аъзои Шӯро тағйирот ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро баррасӣ намуданд, ки мутобиқи он минбаъд санаи 14-уми октябр ҳамчун Рӯзи соҳибкорон (бидуни рӯзи истироҳат) дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад», - иброз дошт Султонов.
Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласаи Шӯрои ҳамчунин атрофи масъалаҳои вобаста ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳавоии Тоҷикистон ибрози андеша ва табодули назар сурат гирифт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста