Муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид имрӯз намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) Си.Си.Ю.-ро ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои ҳукумати ҷумҳурӣ бо ин бонк мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷонибҳо сатҳи ҳамкории тарафайнро қаноатбахш арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки соли 2015 БОР ба Тоҷикистон асосан дар самти рушди бахши хусусӣ, такмил ва беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар кишвар, рушди роҳҳои оҳан ва захираҳои обӣ кумаку мусоидат хоҳад кард.
«Дар ҷараёни мулоқот миёни ҷонибҳо атрофи масоили омода намудани барномаи нави панҷсолаи ҳамкорӣ миёни БОР ва Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ки мавриди таҳия қарор дорад, табодули назар судманд сурат гирифт», - гуфт Муҳиддинов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста