Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи охирини Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати кунунӣ баргузор шуд.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи Шӯрои масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи Суди контситутсионӣ», «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи реклама», «Дар бораи ҳифзи давлатӣ ва дастгирии соҳибкорӣ», «Дар бораи рақобат ва маҳдудияти фаъолияти инҳисорӣ дар бозори мол» ва ғайра баррасӣ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи тасдиқи созишномаҳо тибқи лоиҳаи «Ҷорисозии низоми баҳисобгирии яклухти интиқоли барқ ва беҳбуди низоми интиқоли барқ миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд», созишнома миёни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии даст кашидан ва пардохти андоз аз даромад ва сармоя, созишнома миёни Тоҷикистон ва ҶДММ «Ширкати саноати кӯҳкории Тоҷикистону Чин» дар бораи коркарди комплексии захираҳои кони «Зарнисори Шимолӣ», созишнома миёни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд тибқи лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Норак низ матраҳ гардиданд.
«Тамоми масъалаҳои аз ҷониби Шӯро баррасишуда ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки санаи 25 феырал доир мегардад, ворид карда шуданд», - гуфт Султонов.
Зимнан зикр гардид, ки ҷаласаи охирини иҷлосияи Шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ рӯзи 27 феврал доир гардида, дар он раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар бораи фаъолияти даъвати кунунии парлумон ҳисобот медиҳад ва сипас ваколатҳои намояндагони мардумии даъвати ҳозира ба итмом мерасад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста