- Маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, ки санаи 1 март доир гардид, беҳтарин маъракаи интихоботӣ дар таърихи Тоҷикистон аст, - изҳор дошт имрӯз раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни суханронӣ дар иҷлосияи охирини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ӯ, мардуми кишвар бо раъйи худ бори дигар собит сохт, ки комилан аз сиёсати пешгирифтаи президент баҳри шукуфоии Тоҷикистон ва беҳбуди сатҳи некӯаҳволии аҳолии он ҷонибдорӣ мекунад.
Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти даъвати кунунии палатаи болоии парлумони кишвар, М.Убайдуллоев қайд кард, ки муддати 5 сол аъзои Маҷлиси миллӣ 607 қонунҳои аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшударо тасдиқ карданд, ки аксари онҳо аз ҷониби президенти мамлакат пешниҳод шуда буданд.
«Бо пешниҳоди ҳукумати ҷумҳурӣ давоми 5 сол мо номи беш аз 700 маҳаллаҳои аҳолинишини кишварро иваз намудем ва имрӯз низ ҷамоати Қабодиёни ноҳияи Қабодиён ва ҷамоати Заркамар табдили ном кард», - таъкид дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки тӯди 5 соли фаъолияти Маҷлиси миллӣ беш аз 50 ҳайати парлумонии бисёр кишварҳои дунё аз он боздид намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста