Имрӯз дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - шаҳри Хоруғ иҷлосияи нахустини Маҷлиси вакилони халқи тозаинтихобои вилоят баргузор шуд.
Котиби матбуотии раиси ВМКБ Раҳмонқул Раҳмонқулов тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар иҷлосия ҳайатҳои комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят таъсис дода шуданд.
«Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшедро якдилона номзад ба аъзогии палатаи болоии пардумон пешбарӣ намуданд», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки дар даъвати гузаштаи палати болоии парлумони ҷумҳурӣ раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ба ҳайси муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон фаъолият дошт.
Қобили зикр аст, ки интихобот ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон санаи 27 март доир мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста