Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сафирони кишвар дар давлатҳои арабӣ, аз ҷумла дар Арабистони Саудӣ, Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араба, Кувайт ва Миср дастур додааст, ки барои аз қаламрави Ямани бо ҷангу хунрезӣ фарогирифташуда хориҷ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз тамоми тадбирҳои дастрас кор гиранд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, сарвари давлат дар дастураш таъкид намудааст, ки дар иҷрои ин кор сафирон бо ҳукуматдорони расмии давлатҳои дӯст ҳамкорӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол, қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дода буд, ки барои аз қаламрави Яман берун овардани шаҳрвандони худ Тоҷикистон ҳамаҷониба тадбир меандешад.
Роҳбари Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Тоҷикистон Абдулфайз Атов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон ҷиҳати кӯчонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз шаҳрҳои Санъо ва Аден фарзияҳо ва роҳу воситаҳои гуногун мавриди омӯзишу таҳия қарор доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста