Ҷамшед Каримов роҳбари нави Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин карда шуд. Дар бораи то ба ин мансаб таъин шудан кадом вазифаро ишғол намудани Ҷамшед Каримов «Азия-Плюс» маълумот дар даст надорад.
Ёдрас мекунем, ки дар ин мансаб Ҷамшед Каримов Манчеҳр Маҳкам Маҳмудзодаро иваз намуд, ки айни замон Раёсати муносибатҳои байнулмилалии Прокуратураи генералии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад.
Тибқи баъзе маълумот, Манучеҳр Маҳмудзода писари раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон Маҳкамбой Маҳмудов аст.
Замоне, ки собиқ вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифов ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар ИМА фаъолият дошт, Манучеҳр Маҳмудзода консулгарии генералии Тоҷикистон дар Вашингтонро роҳбарӣ мекард. Сипас шуъбаи ҳалли масоили қаламрав ва марзии Вазорати мазкурро ба роҳбарӣ гирифта буд.
Моҳи декабри соли 2013 Маҳмудов ба ҷойи Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба мансаби сардори Раёсати консулгарии ВКХ ҶТ таъин гардид. Замонҳои гуногун Раёсати консулгарии ВКХ Тоҷикистонро Баҳром Холназаров, ки тибқи баъзе маълумот язнаи президент аст (айни замон – сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон) ва духтари президент Озода Раҳмон, ки аз соли 2009 ба ҳайси муовин ва аз соли 2013 ба сифати муовини аввали вазири корҳои дохилии ҶТ фаъолият мекунад, сарварӣ намудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста