Рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони даъвати нав бидуни баррасии масъалаҳо қабул шуд.
Зимни шарҳи лоиҳаҳои қонуну санадҳо ба намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва аъзои кумитаҳои парлумон аз ҷониби вакилон ҳеҷ саволу пешниҳод ё эроде садо надод.
Мавқеъи худро ба ин ё он масъала алҳол танҳо раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров изҳор мекунаду халос. Ҳамин тариқ, ҳамаи масъалахои рӯзномаи ҷаласа якдилона қабул шуданд.
Аз ҷумла, вакилон тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2015», «Дар бораи суғуртаи мутақобила», «Дар бораи рӯзҳои ид» ва ба Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмуриро маъқул шуморида, Созишнома дар бораи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар бахши таъмини амнияти иттилоотӣ ва тасдиқи созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикисттону Эрон дар бораи ҳамкорӣ дар бахши тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими амниятро тасдиқ карданд.
Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаҳои палатаи поёнии парлумони даъвати гузашта як зумра вакилон, аз ҷумла раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов фаъолона дар баррасии ин ё он масъала ширкат варзида, андешаҳои худро иброз медоштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста