Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор шуд.
Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, аъзои Шӯро лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ (МНМО ҶТ) «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар МНМО ҶТ», Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар МНМО ҶТ», «Дар бораи бақайдгирии гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ», «Дар бораи намояндаи МНМО ҶТ дар Суди конститутсионии ҶТ» ва «Дар бораи намояндаи МНМО дар Шӯрои адлияи ҶТ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи қонуни конститусионӣ «Дар бораи шаҳрвандии ҶТ», лоиҳаи тағйироту илова ба қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2015», «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», «Дар бораи ташкилотҳои ҷамъиятӣ» ва ҳамчунин як қатор созишномаҳои байнулмилалӣ низ баррасӣ шуд.
Зимнан зикр гардид, ки аъзои Шӯро нақшаи музокироти парлумонии палатаи поёнии парлумон дар соли 2015 ва нақшаи музокироти парлумонии кумитаҳои парлумон дар соли равонро маъқул шумориданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста