Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки имрӯз бо иштироки президенти малакат Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ муовини якум ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед муовини раиси палатаи болоии парлумон интихоб карда шуданд.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки дар ин иҷлосия Маҳмадсаид Убайдуллоев маротибаи чорум пайдарпай раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ интихоб шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ назди аъзои тозаинтихоби Маҷлиси миллӣ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз нақши боризи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ дар таҳия, қабул ва татбиқи санадҳои қонунгузории Тоҷикистон изҳор намуд, ки фаъолият дар ин мақоми олии давлатдорӣ аз ҳар як узви он масъулияти баланд ва фаъолияти пурсамарро талаб мекунад.
Президенти таъкид кард, ки ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, таҳкими амнияту субот, таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва ҳамаи минтақаҳои он аз вазифаҳои аввалиндараҷаанд.
Гуфта мешавад, таваҷҷуҳи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, ки аксаран роҳбарони вилоятҳо ва як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошанд, ҳамчунин ба пешгирӣ аз гароидани баъзе аз ҷавонону наврасони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва мубориза бо унсурҳои терроризму ифротгароӣ ҷалб карда шуд.
Зимнан зикр гардид, ки барои бартараф намудани ин ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир, ки ба кишварҳои зиёди мусулмонӣ, аз ҷумла дар минтақаи мо, таҳдиди ҷиддӣ доранд, бояд нерӯи тамоми аъзои солимфикри ҷомеа сафарбар карда шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста