Дар иҷлосияи имрӯзаи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум Маҳмадсаид Убайдуллоев маротибаи чорум пайдарпай раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ интихоб шуд.
Кори иҷлосияи мазкурро вакили куҳансолтарини палатаи болоии парлумон, нахустин президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ҳусни оғоз бахшида, ба вазифаи раиси Маҷлиси миллӣ номзадии Маҳмадсаид Убайдуллоевро пешниҳод намуд.
Ҳамаи 32 аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон якдилона ба ҷонибдории ин пешниҳод овоз доданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев аз замони таъсиси палатаи болоии парлумон дар соли 2000-ум раиси ивазнашавандаи он аст.
Қобили зикр аст, ки ки 25 аъзои палатаи болоии парлумонро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (панҷнафарӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) интихоб карда, 8 нафар вакилони Маҷлиси миллиро президенти Тоҷикистон таъин мекунад. Собиқ президентҳои мамлакат бо хоҳиши худ метавонанд якумра аъзои палатаи болоии парлумон бошанд.
Маҷлиси миллӣ асосан санадҳои қонунгузории аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда, ҳамчунин номзадҳо ба маснсабҳои прокурори генералӣ, судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди олӣ ва Суди олии иқтисодиро тасдиқ мекунад.
Дар сурати ба истеъфо рафтан ё бемории президент, раҳбарияти кишвар ба дӯши раиси палатаи болоии парлумон вогузор мегардад, аз ин рӯ, ин мансаб пас аз президент мансаби дуюм дар Тоҷикистон шуморида мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста