Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар машварати кории рӯзи 27 апрел ба ҳозирин раиси нави Кумитаи идораи замини пойтахт Тӯрахон Иброҳимовро муаррифӣ намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо қарори раиси шаҳр директори Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангал ва боғи маданӣ – истироҳатии “Ғалаба” Ориф Сафаров аз вазифа сабукдӯш шуд.
Гуфта мешавад, дар ҷаласа, ки бо иштироки масъулини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-лоиҳакашӣ баргузор гардид, дар доираи ҳамкориҳои шаҳрдорӣ оид ба истифодаи дастовардҳои илми тоҷик дар пешбурди ҳаёти хоҷагидории шаҳр, қабл аз ҳама гузориши Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ бобати иҷрои дархости шаҳрдорӣ дар самти коркарду истеҳсоли маҳлулҳои кимиёӣ барои тозакунии ҳайкалу муҷассамаҳои дар шаҳр қоматдошта шунида шуд.
Дар ин робита Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулини шаҳрдорӣ дастур фармуд, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисону олимони Академияи илмҳо оид ба поксозии ҳайкалу муҷассамаҳо ва сангҳои ороишии онҳо аз намаку ҳаргуна унсурҳои таъсиргузор чораҳои мушаххас андешанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста