Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ходимони дин ва кормандони мақомоти шаҳрдории пойтахт ҷаласаи васеъ доир намуд, ки дар он муовинони тозатаъини раиси пойтахт муаррифӣ шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шахрдории пойтахт, дар ҷаласа ба фаъолони пойтахт оид ба як идда тағйироти кадрии дар асоси фармонҳо ва мувофиқаи президенти мамлакат ва қарорҳои раиси шаҳри Душанбе дар сатҳи роҳбарияти шаҳр, ноҳияҳо ва сохторҳои шаҳрӣ суратгирифта иттилоъ дода шуд, ки мутобиқ ба он Расулов Ашӯрбек Раҳматуллоевич - муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, Лангариева Ҷамила Салмоновна, Самадов Шакарбек Додхоевич ва Мақсудзода Шӯҳрат муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва Алиев Саиднуриддин Акрамович - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сино, Табаров Ҷамшед Авзалович - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Сиёмардзода Сайдамир - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансур, Иброҳимов Тӯрахон Тағоевич - раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе ва Қурбонов Нуриддин Буриевич –сардори Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» муаррифӣ карда шуданд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроия ва намояндагии шаҳри Душанбе дар расми тантанавӣ собиқ муовини раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Руқия Атоевна ва раиси ноҳияи Сино – Сафаров Зафар Абдуллоевичро барои хизмати шоиста дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо Ифтихорномаҳои шаҳри Душанбе ва мукофотҳо қадрдонӣ намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста