Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вакилон ба пешниҳоди президенти мамлакат оид ба аз вазифа озод кардани муовини раиси Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ Хуршед Каримзода розигӣ доданд.
Дар ҳамин ҳол, ҳеҷ кадоме аз вакилон ба сабаби аз мансаб сабукдӯш шудани муовини раиси Палатаи ҳисоб таваҷҷуҳ зоҳир накард.
Вакилон имрӯз фармонҳои президент дар бораи аз вазифа озод кардан ва ба мансаб таъин кардани раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистонро бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шумориданд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4 май Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тамоми раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистонро аз мансаб сабукдӯш кард. Раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифааш озод карда шуд.
Собиқ роҳбари БДА ҶТ «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода раиси нави Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) таъин карда шуд. Собиқ муовини аввали вазири молияи ҶТ Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали раиси БМТ таъин шуд.
Қаблан Ҷамшеди Юсуфиён ба ҳайси муовини аввали раиси БМТ ифои вазифа мекард, ки бо фармони президенти бидуни шарҳи сабаб аз вазифааш озод карда шуд. Муовинони дигари раиси БМТ - Малоҳат Холиқзода ва Абдукарим Неъматов низ бо фармонҳои сарвари давлат бидуни шарҳи сабаб аз мансабҳояшон сабукдӯш шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста