Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба палатаи поёнии парлумон муқаррар кардани рутбаҳои нави дипломатӣ дар Тоҷикистонро пешниҳод кард.
Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, президент пешниҳод кардааст, ки қарори амалкунандаи парлумон дар бораи рутбаҳои дипломатӣ навсозӣ шавад. Аз ҷумла, сарвари давлат пешниҳод намудааст, ки ба кормандони Вазорати корҳои хориҷии кишвар, намояндагони дипломатӣ дар хориҷи давлат, кормандони сохторҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи президент дараҷаҳои зерини дипломатӣ муқаррар карда шавад - Сафири Мухтор ва Фавқулода, Фиристодаи Мухтор ва Фавқулодаи дараҷаи 1 ва 2, Мушовири дараҷаи 1 ва 2, котиби дараҷаи 1 ва 2 ва ғайра.
Ба гуфтаи манбаъ, тибқи лоиҳаи рӯйхати рутбаҳои дипломатии аз ҷониби президент пешниҳодшуда феҳристи амалкунанда ба таври қобили мулоҳиза навсозӣ хоҳад шуд.
«Пешниҳоди президентро вакилон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати панҷум, ки рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта, 10 июн баргузор мешавад, баррасӣ мекунанд», - афзуд сарчашмаи хабар.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста