Вакилони даъвати ҳозираи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки аввали моҳи март интихоб шуда буданд, баъди ҳудуди 3 моҳи кор ба рухсатии дарозмуддат мебароянд. Дар ин бора имрӯз зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қарори дахлдор қабул шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, вакилон аз 1 июл ба рухсатии меҳнатии пардохтшаванда баромада, санаи 16 афгуст ба кор бармегарданд. Аз 16 август то 1 октябр онҳо дар маҳалҳо бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, ҳамчунин дар кумитаву комиссияҳои парлумон фаъолият мекунанд. Аз 1 октябр бо оғози иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум фаъолияти пурраи вакилон шурӯъ мешавад.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳамчунин масоили марбут ба ворид намудани тағйироту илова ба қонуни Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», тасдиқи Созишнома оид ба шакли табодули нотаҳо миёни ҳукумати ҶТ ва Дафтари САҲА дар ҶТ роҷеъ ба пардохти андоз аз даромади шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар дар ин ниҳод кор мекунанд ва масъалаи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсия дар бораи савдои байнулмилалии навъҳои ҳайвонот ва набототи ваҳшии мавриди нобудшавӣ қарордошта низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста