Рӯзи 8 июн муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо роҳбари лоиҳаи Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Осиёи Марказӣ доктор Макс Георг Майер мулоқот намуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии МНМО ҶТ, дар мулоқот зикр гардид, ки Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон соли 1967 таъсис ёфта, то кунун дар омода намудани зиёда аз 400-нафар мутахассисони тоҷик дар риштаҳои гуногун саҳми худро гузоштааст. Имрӯз Бунёди мазкур дар 60-давлати калонтарини дунё фаъолият менамояд.
Таъкид шуд, ки Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон соли 2002 намояндагии минтақавии худро дар Осиёи Марказӣ, дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон расман ифтитоҳ намуд, ки роҳбарии онро доктор Макс Георг Майер ба уҳда дорад. Соли 2009 Бунёди Ҳаннс Зайдел бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ бо донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишнома имзо намуд.
Абдуҷаббор Азизӣ ҳамчунин иброз намуд, ки соли шашум аст, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси созишномаи ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдел тайёр намудани магистантҳоро аз ҳисоби хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» ба роҳ мондааст. Мо, -гуфт Абдуҷаббор Азизӣ аз он хушнудем, ки мақсади асосии фаъолияти Бунёди мазкур, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи тахассусии касбии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Танҳо дар шаш соли охир тавасути ҳамкорӣ бо дастгирии молиявии Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон, дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 365 нафар хизматчиёни давлатӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 128 нафарашон занон мебошанд. Аз мақомоти марказӣ 153 нафар ва аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлат212 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар мулоқот, ҳамчунин дигар мавзӯоти мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста