Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 17 июн бо раиси вилояти Ҳамадонии Эрон Муҳаммад Носири Некбахт ва ҳамроҳони ӯ, ки бо мақсади шиносоӣ бо омодагиҳо ба ҷашни 700-солагии мутафаккири бузург Мирсайид Алии Ҳамадонӣ ба Тоҷикистон омадаанд мулоқот намуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, зимни мулоқот масоили марбут ба густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои фарҳангу маориф ва иқтисоду энергетика мавриди баррсаӣ қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ миёни кишварҳо матраҳ гардид.
Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки Рӯзҳои фарҳанги вилояти Ҳамадонии Эрон дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги минтақаҳои Тоҷикистон дар вилояти Ҳамадонии Эрон гузаронида шаванд.
Зимнан зикр мегардад, ки зимни дидору суҳбат ҷонибҳо атрофи масоили роҳандозии робитаҳои мустақим миёни соҳибкорони ҳарду кишвар ва ташкили ҳамоишҳои тиҷоратии минтақаҳои Тоҷикистону Эрон табодули назар намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста