Вакилони даъвати ҳозираи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки аввали моҳи март интихоб шуда буданд, аз 1 июл ба муддати се моҳ ба рухсатӣ мераванд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ҷаласаи хотимавии иҷлосияи якуми палатаи поёнии парлумон даъвати панҷум рӯзи 30 июн дар назар буда, дар он раиси парлумон Шукурҷон Зуҳуров аз фаъолияти ин муддати кори вакилон натиҷагирӣ хоҳад кард.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз ҷаласаи охирини пеш аз таътили Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ доир гардида, дар он лоиҳаҳои қонунҳо «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», масоили марбут ба ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тухмипарварӣ» ва «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳсозӣ» баррасӣ мешаванд.
Зимнан зикр гардид, ки ҳамаи масъалаҳои дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасишуда ба рӯзномаи иҷлосияи якуми палатаи поёнии парлумони кишвар, ки рӯзи 24 июн дар Душанбе доир мегардадд, ворид карда мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста