Бо пешниҳоди ҳукумати ҷумҳурӣ ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии ҶТ даъвати панҷум, ки имрӯз дар Душанбе доир мегардад, масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015» ворид карда шуд.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи имрӯза вакилон ҳамчунин лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат таҳиягурадида «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва масъалаи ворид намудани тағйироту илова қонун «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон»-ро низ баррасӣ мекунанд.
Зимнан зикр гардид, ки вакилони парлумон ҳамчунин масоили марбут ба тасдиқи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта, Созишномаи грантӣ байни Тоҷикистон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон ва Созишнома тариқи мубодилаи мактубҳо байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Чин дар бораи лоиҳаи татбиқи корҳои таъмирию барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлобро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста