Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, масъалаи ба рӯзномаи ҷаласаи охирини иҷлосияи якуми МНМО ҶТ даъвати панҷум, ки нимаи аввали имрӯз доир мегардад, ворид намудани масъалаи тасдиқи Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати ИМА оид ба андозбандиии кормандони маҳаллии сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳамчунин масъалаҳои марбут ба ворид намудани тағйироту илова бо қонунҳо «Дар бораи мубориза бо ҷинояткории муташаккил», «Дар бораи молияи давлатӣ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
«Тағйироту илова ба қонунҳои дар боло зикршударо вакилони парлумон пас аз рухсатии тобистона, ки аз 1 июл то 30 сентябр идома меёбанд, мавриди омӯзишу таҳлил ва баррасӣ қарор хоҳанд дод», - гуфт М.Султонов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста