Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз кишварҳои мададрасон ва созмонҳои байнулмилалӣ даъват кард, ки барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба ҷумҳурӣ кумак кунанд.
Дар маълумоти ҳукумати кишвар дар ин робита гуфта мешавад, рӯзи душанбе Қоҳир Расулзода бо намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, кишварҳои мададрасон ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ мулоқот карда, ба онҳо оид ба сабаб, вазъи кунунӣ ва оқибатҳои офатҳои табиии рӯзҳои охир ва зиёни расида аз он ба мардум ва иқтисодиёти Тоҷикистон маълумот дод. Таъкид шуд, ки тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, хисороти расида ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз ҳисоби офатҳои табиӣ то имрӯз беш аз 50 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.
Расулзода қайд кард, ки бар асари офатҳои табиии рӯзҳои ахир дар шаҳру ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷу Дарвоз ва Рӯшони ВМКБ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Панҷакенти вилояти Суғд, Панҷ, Ҳамадонӣ, Бохтар ва Ҷиликӯли вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои гурӯҳи минтақаи Рашт ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шумораи зиёди манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо, хатҳои интиқоли барқ ва дигар иншооти таъиноти гуногун хароб гардида, мушкилоти зиёде пешорӯ гузоштаанд.
Ӯ аз иштирокдорони вохӯрӣ даъват кард, ки дар масъалаи рафъи оқибатҳои офати табиӣ бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд.
«Дар навбати худ намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, кишварҳои мададрасон ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ба иштирок ва кумак дар корҳои барқарорсозӣ ва рафъи оқибатҳои офатӣ табиӣ дар Тоҷикистон омодагӣ изҳор намуданд», - зикр мегардад дар маълумоти ҳукумат.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста