Нимаи дуюми рӯзи 30 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ бо аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии вилоят, роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят вобаста ба рафти корҳои барқарорсозӣ дар минтақаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои вилоят машварати корӣ доир намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз рӯи ин масъала сарвазири мамлакат Азим Иброҳим маълумот дод, ки айни ҳол дар минтақаҳои аз офат зарардида дар асоси супориши сарвари давлат корҳо муташаккилона идома дошта, кӯмакҳои яквақтаи президенти мамлакат ва ҳамчунин маводи ниёзи аввал пурра ба оилаҳои зарардида дастрас карда шуд.
Барои барқарор кардани роҳи харобгашта дар ноҳияи Шуғнон роҳсозон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият дошта, корҳои сохтмонӣ дар маҳалли бунёди манзилҳои истиқоматӣ барои оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра ё қисман хароб гардидааст, тибқи дастуру супоришҳои президент ҷараён дорад.
Вобаста ба иҷрои корҳо инчунин ахбороти вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Хайриддин Абдураҳимов ва директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ Нурмаҳмад Ахмедов шунида шуд.
Сарвари давлат бори дигар таваҷҷӯҳи масъулини Ҳукумати мамлакат, аъзои комиссияи давлатӣ ва ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба рафъи оқибатҳои офати табииро барои иҷрои саривақтию босифати дастуру супоришҳо ҷалб намуда, баҳри ҳарчи зудтар кашидани хатти интиқоли неруи барқ, об, алоқа, шабакаи обу корез, таъмини техника барои таъмири роҳҳо ва бунёди пулҳо, таъмини аҳолӣ ва сохтмончиён бо масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, чӯбу тахта ва дару тиреза супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин вазорату идораҳо ва мақомотҳои дигари дахлдор вазифадор гардиданд, ки барои бунёди бинои нави мактаб, бунгоҳи тиббӣ, таъмини хонандагон бо асбобу анҷоми таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, барқарор намудани шиносномаҳои шаҳрвандон ва шинонидани ниҳол ва ободониву кабудизоркунии маҳалҳои шаҳраки навбунёд дар ноҳияи Шуғнон барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида чораву тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста