Аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав таҳия гардида, муносибатҳоро оид ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад. Дар он асосҳо, принсипҳо, шартҳо ва тартиби соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гум кардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ» дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи нав буда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» низ дар низоми қонунгузории соҳаи маориф нав буда, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ, тартиби фаъолияти субъектҳои онро муқаррар намуда, ба шаҳрвандон ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти миёнаи касбиро кафолат медиҳад.
Қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ ба ҳифзи инсон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, тавсеаи фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ, рушди илму маориф ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа равона карда шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста