Чанде қабл Раҳматзода Рустам Мирзо, собиқ раиси ширкати «Барқи тоҷик» дар мувофиқа бо президенти мамлакат муовини якуми раиси вилояти Суғд таъин карда шуд.
Раҳматзода Рустам Мирзо 7 майи соли 1963 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 1985 Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва 1994 донишгоҳи мазкурро бо ихтисосҳои муаллими фанни риёзӣ ва иқтисодчӣ хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 ба сифати муҳандис-барномасози маркази ҳисоббарории ҷумҳуриявии Кумитаи давлатии РСС Тоҷикистон оид ба таъминоти моддӣ ва техникии шаҳри Душанбе оғоз кардааст.
Солҳои 1988-1990 молшиноси калони муассиса доир ба таъминоти ангишти Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминоти моддӣ-техникӣ, солҳои 1990-1991 ин муассиса, солҳои 1991-1993 сармутахассиси шӯъбаи иқтисод ва молияи мудирияти корҳои кабинети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1993-1995 сармутахассиси шӯъбаи иқтисод ва молияи мудирияти Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, cолҳои 1995-1996 cармутахассиси шӯъбаи иқтисодии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1996-2002 муовини сардори шӯъбаи молиёт, буҷа, назорати арзии Раёсати иқтисодиёти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2002-2006 муовини вазир – сардори Департаменти сиёсати саноати Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва cолҳои 2006-2009 муовини раиси шаҳри Душанбе буд.
Мавсуф ҳамчунин дар вазифаҳои раиси ноҳияи Айнӣ ва ноҳияи Зафаробод фаъолият бурда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2014 то 26 августи соли 2015 дар вазифаи раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» кор кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста