Ҳукумати Тоҷикистон тағйирот ба қонун «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»-ро таҳия намуда, онро ба баррасии палатаи поёнии парлумон пешниҳод кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ин тағийрот бо ташаббуси Вазорати молия пешниҳод шуда, моҳияташ дар он аст, ки акнун минбаъд барои ба нафақа баромадан намояндагони сохторҳои қудратии Тоҷикистон бояд на камтар аз 25 соли тақвимӣ хизмат кунанд.
Ба андешаи чанде аз намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, ташаббускорони ворид намудани чунин тағйирот огоҳ нестанд, ки беихтиёр зиён овардан ба пояҳои сулҳ ва субот дар кишварро пешниҳод доранд.
«Онҳо намедонанд, ки баъди чунин пешниҳодҳо шумори одамоне, ки бо хатар барои ҳаёташон ва музди ночизе шабонарӯзӣ бидуни хобу истироҳат ва дур аз оилаашон кор карда, ба Ватан хизмат мекунанд, бамаротиб кам шуда, ҷойи онҳоро ғайриҳирфаиён ва ҳатто ҷинояткорон бо мақсадҳои нопок гирифта метавонанд, ки ба муҳофизати на худу на сохти конститутсионӣ қодир нестанд. Чунин афрод огаҳ нестанд, ки кормандони сохторҳои қудратӣ қариб ҳамеша шабонарӯзӣ дар коранд, чӣ будани иду рӯзи истироҳатро намедонанд. Огаҳ нестанд, ки кормандони сохторҳои қудратӣ зимни ҳама гуна чорабиниҳои давлатӣ ба реҷаи ба истилоҳ адои хизмати шабонарӯзӣ (мудом дар казарма қарор доштан) мегузаранд ва барои ин пардохти иловагӣ намегиранд», - ибрози назар кард дар ин хусус яке аз собиқ кормандони сохторҳои қудратӣ.
Дар ҳамин ҳол, сарчашмаҳои «Азия-Плюс» дар ҳукумат ва парлумони ҷумҳурӣ дар мавриди ин масъала қайд карданд, ки дар долонҳои ҳукумат ва парлумон ин тағйирот баҳсҳои зидду нақизро дар пай хоҳад дошт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
tojiki14 сентябр, 2015 12:08
Дар сурати дастрас шудан, албатта пешкаш мекунем.
сарҳанг14 сентябр, 2015 11:47
«Азия-Плюс» хуб мешуд, ки лоиҳаи қонунро бо мусоидати сарчашмаҳоятон дастрас намуда,ба кормандони сохторҳои қудратӣ барои шиносоӣ ва изҳори фикру андешахояшон пешкаш мекардед. Пешаки миннатдории худро барои дастгириатон баён менамоям.