Дар доираи сафари расмӣ ба Тоҷикистон президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев нимаи дуюми рӯзи 14 сентябр аз палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон боздид намуда. бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров дидору гуфтушунид кард.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими робитаҳои парлумонии ҳарду кишвар баррасӣ шуданд.
Президенти Қазоқистон таъкид дошт, ки ба парлумони Тоҷикистон интихоб шудани намояндагони шаш ҳизби сиёсӣ гувоҳи он аст, ки интихоботи моҳи март дар кишвар озодона ва ба таври демократӣ баргузор шудааст. Сарвари давлати Қазоқистон ҳамсуҳбати худро бо такроран интихоб шуданаш ба мансаби раиси палатаи поёнии парлумон табрик кард.
Ҳамчунин зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи густариши ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар бахшҳои сармоягузорӣ, иқтисод, тиҷорат, маориф ва фарҳанг ва ҳамчунин дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста