Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки аз 8 то 18 сентябр бо сафари корӣ дар минтақаҳо қарор доштанд, аз натиҷаҳои ин сафарашон ба раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҳисобот медиҳанд.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар гузоришҳои худ вакилон ба масоили марбут ба ташвишҳои аҳолӣ ва мушкилоти рӯзмарраи ҷойдоштаи онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онро то ба самъи раҳбарият мерасонанд.
«Бар асоси ин ҳисобот ба унвони ҳукумати кишвар маълумотномаи ягона таҳия хоҳад шуд, ки дар он ҳамаи масоили мавриди таваҷҷуҳи интихобкунандагон дарҷ мешавад», - таъкид дошт М.Султонов.
Зимнан зикр гардид, ки дар кумита ва комиссияҳои палатаи поёнии парлумон корҳои омодагӣ ба таҳияи рӯзномаи ҷаласаи нахустини иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистион ҷараён дорад, ки рӯзи 1 октябр дар Душанбе доир мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста