Таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир гардид.
Котиби матбуотии палатаи поёни парлумон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин ҷаласа масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ «Дар бораи қабули қонун «Дар бораи мукофотҳои давлатии Тоҷикистон» ва мавриди амал қарор додани он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳамчунин масоили марбут ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи амният», «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии санадҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳаҳо», «Дар бораи истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия», ҳамчунин тағийроту иловаҳо ба Кодекси мурофиавии шаҳрвандӣ, Кодекси оила ва Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ баррасӣ шуданд.
Зимнан зикр гардид, ки масъалаҳои марбут ба тасдиқи Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Фаронса оид ба сохтмони нуқтаи фаромондехии диспетчерӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон в ҳукумати Эрон оид ба идомаи азнавсозии нақби «Истиқлол» низ мавриди барррасии аъзои Шӯро қарор гирифтанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста