Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он як қатор лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима ва баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистонва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоноид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2015», лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи монополияҳои табиӣ», Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати панҷум, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати панҷум» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Гуфта мешавад, дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин дар бораи зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои ҶТ изҳори назар карда шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста