Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи мубориза бо терроризм» баррасӣ мешавад.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мувофиқи ин тағйироту иловаҳо, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба маҳдуд кардани дастрасӣ ба алоқаи электронӣ дар минтақаҳои баргузор намудани амалиёти зиддитеррористӣ ҳуқуқ пайдо мекунад.
Ба иттилои манбаъ, дар тағйироту иловаҳо пешбинӣ шудааст, ки дар вақти зарурӣ (соати икс) маҳдудияти дастрасӣ ба алоқаи электронӣ - интернет, алоқаи мобилӣ ва ғайра метавонад натанҳо дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар, балки дар сурати зарурат дар саросари кишвар ҷорӣ карда шавад.
Қобили зикр аст, ки қаблан зимни баргузории амалиёти зиддитеррористӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар водии Рашт (август-сентябри соли 2010) ва ВМКБ (июл-августи соли 2012) ҳукумати Тоҷикистон бидуни шарҳи сабаб алоқаи электронии ин минтақаҳо бо саросари ҷаҳонро маҳдуд намуда буд.
Ба гуфтаи Султонов, имрӯз дар ҷаласаи парлумон ҳамчунин масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи Қушӯнҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ» ва «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ» низ баррасӣ мешавад.
Мавриди зикр аст, ки қаблан дар Конфронси дуюми байнулмилалӣ таҳти унвони «Телекоммуникатсияҳо, телерадиошунавонӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон дар доираи Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС)» дар Душанбе муовини сардори Раёсати назорати Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷонибек Додоматов изҳор дошт , ки «агар дар сомонаҳои иттилоотӣ маълумоти мамнӯъ ба нашр расад, мо албатта дастрасӣ ба онҳоро қатъ мекунем».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста