Дар маҷлиси имрӯзаи ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаҳои як қатор қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо, аз ҷумла тағйироту илова ба Кодекси оилаи Тоҷикистон ба баррасии палати поёнии парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тибқи тағйиру иловаҳои ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда дар ҳолати қабул шудани он, минбаъд арусу домод пеш аз хонадоршавӣ бояд аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд.
Дар маҷлис ҳисоботи директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ барои солҳои 2011-2015 шунида шуд.
Дар идомаи маҷлис Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017 тасдиқ гардид, ки тибқи он барои солҳои 2016-2017 дар ин давра дар мамлакат бояд 302 ҳазору 300 ҷойи нави корӣ таъсис ёбад ва барқарор гардад.
Ҳукумат ҳамчунин Барномаи рушди чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2026 ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Мурғоб ва ноҳияи Хуросон барои солҳои 2016-2020-ро тасдиқ намуд.
Ғайр аз ин, лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Ба баррасии палатаи поёнии Маҷлиси Олии мамлакат ҳамчунин лоиҳаҳои як қатор қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қонунҳо “Дар бораи хизмати давлатӣ”, “Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)”, “Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ” пешниҳод карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста