Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷиистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз сафири Давлати Кувайт дар Тоҷикистон Наваф Абдулазиз Аленезӣ ва ҳамроҳони ӯро баҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот муҳимтарин масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз ҷумла тақвияти ҳамкориҳои сиёсӣ, парлумонӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илму маориф баҳсу баррасӣ шуданд.
Ш.Зуҳуров дар оғози мулоқот сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъин шуданаш табрик намуда, ба ӯ ва ҳайати кормандони сафорати ин кишвар дар ҷумҳурии мо барори кору муваффақият орзу намуд ва изҳори итминон кард, ки дипломати соҳибтаҷриба дар таҳкими робитаҳои дуҷониба саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт 11 Созишномаи фарогири самтҳои гуногун ба имзо расида, барои пешбурду ривоҷи ҳамкориҳои ҳамаҷониба байни кишварҳо тамоми асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст ва вақти он расидааст, ки барои амали созии ин пояи қарордодӣ иқдомоти ҷиддӣ сурат гирад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста