Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо заминларзаи 7 декабр бо раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ва раисони 8 шаҳру ноҳияҳои вилоят - Хоруғ, Мурғоб, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш дода шуд, ки аз ҳоли аҳолии осебдида пайваста бохабар бошанд ва барои ба ҷойҳои зисти муваққатӣ кӯчонидан, бо маводи озуқаворию сарулибос ва ёрии тиббӣ таъмин намудани онҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Худи ҳамин рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси комиссияи ҳукуматӣ Азим Иброҳим дастур дод, ки рафти бартарафсозии оқибатҳои заминларзаро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.
Таъкид гардид, ки комиссияи ҳукуматӣ фавран ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сафар карда, рафти корҳоро таҳти назорати бевосита гирад.
Супориш дода шуд, ки фавран ситодҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оид ба кӯмакрасонӣ ба мардуми осебдида таъсис дода шаванд ва таъкид гардид, ки комиссияи ҳукуматӣ ва ситодҳо шабурӯз фаъол бошанд.
Ёдрас мекунем, ки бар асари заминларзаи нимаи рӯзи 7 декабр дар ВМКБ ду тан ҷон бохта , 13 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамчунин беш аз аз 500 манзили зисти сокинони вилоят ва дигар иншооти зерсохтор низ осеб дид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста