Субҳи имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба роҳҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи шадид дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон доир гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози машварат доир ба талафоту хисороти аз заминларза воридшуда ва чораҳои фаврии то ин дам андешидашуда Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода гузориш дод.
Тавре зикр гардид, дар қаламрави вилояти Бадахшон 237 хона пурра ва 588 хона қисман вайрон шудаанд. 214 хонаи пурра ва 205 хонаи қисман зарардида ба ноҳияи Рӯшон рост меояд. Ҳамчунин иншооти зиёди иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу китобхона ва дигар муассисаҳо қисман зарар дидаанд.
Чунонки иттилоъ доданд, бошандагони ҳамаи 237 хонаи пурра харобшуда дар ҷойҳои зисти муваққатӣ ҷойгир ва бо маводи ғизоӣ, сарулибос ва дигар ашёи зарурӣ таъмин карда шудаанд.
Тоза кардани роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз сангу шағали бар асари заминларза болои роҳҳо рехта бо сафарбар кардани техникаю механизмҳои зарурӣ муташаккилона ба роҳ монда шудааст. Як қисми роҳҳо аллакай тоза шудаанд. Давоми се рӯзи оянда ҳамаи роҳҳо пурра тоза карда мешаванд.
Супориш дода шуд, ки дар мавзеъҳои бехавф барои бунёди маҳаллаҳои нави истиқоматӣ ҷойҳо муайян карда шаванд, то ки аз баҳору тобистони соли оянда мардум ба бунёди хонаҳои нави худ оғоз намоянд.
Тибқи дастури дигари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ ва дигар ашёи талаботи ҳаррӯза дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бояд фаровон захира карда шавад.
«Чархболҳо низ барои расондани кумакҳои фаврӣ ва интиқол додани одамон ба ҷойҳои бехавф дар мавзеъҳои наздик ба ноҳияҳои аз заминларза осебдида ҳамеша омода бошанд», - таъкид намуд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста