Палатаи поёнии парлумон имрӯз лоиҳаи қонуни аз ҷониби як гурӯҳи вакилон пешниҳодшуда «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро ҷонибдорӣ намуд.
Қабл аз овоздиҳӣ раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки ӯ «бо амри дилу қарзи шаҳрвандӣ, ору номус ва виҷдон барои хизматҳои шоистаи президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон назди Ватан ва халқ» ба «ҷонибдорӣ»-и қабули қонун раъй медиҳад.
«Эмомалӣ Раҳмон ба таблиғ ниёз надорад: кайҳо собит шудааст, ки ӯ ҳимоягари манфиатҳои миллии кишвар ва мардуми он аст ва Худованд ба ӯ малакаи пешво ва роҳбар буданро додааст», - иброз дошт вай.
«Президенти мо чандин маротиба дар амал нишон дод, ки барои Тоҷикистон, мардуми он, баҳри ҳифзи сулҳу субот дар кишвар омода аст ҳаёташро бубахшад», - қайд кард Ш.Зуҳуров.
Ӯ изҳори бовар кард, ки лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ қарордошта ба муттаҳид шудани мардуми кишвар атрофи пешвои худ мусоидат менамояд. «Ҳар як миллат замони дар ҳаёт будани фарзандони арзандаву содиқи худ бояд ба онҳо эҳтиром гузорад», - изҳор дошт Ш.Зуҳуров.
Раиси палатаи поёнии парлумон таъкид дошт, ки қабули қонунҳои ба ин монанд дар ИМА, Ҳиндустон, Индонезия, Қазоқистон арзишҳои демократия ва озодиро маҳдуд накарданд, баракс ба муттаҳид шудани мардуми ин кишварҳо мусоидат намуданд.
«Медонем, ки дӯстон ва душманони мо қабули лоиҳаи қонуни мазкурро гуногун арзёбӣ хоҳанд кард, вале мо мутмаинем, ки дар Тоҷикистон он аз ҷониби ҳама яксон - ҳамчун ифтихор аз кишвару пешвои он қабул хоҳад шуд», - гуфт ӯ.
Яке аз муаллифони лоиҳаи қонун вакил Абдураҳим Холиқзода қайд кард, ки лоиҳаи ин қонун бар асоси дархост ва пешниҳодҳои интихобкунандагон таҳия шудааст.
«Лоиҳаи қонун ваколати Пешвои миллат, дахолатнопазирии ӯ баъди тарк кардани мансаби президенти Тоҷикистон, таъмини ӯ бо нақлиёт, манзили зист, имтиёзҳои иҷтимоӣ баъди анҷоми муҳлати президентиро муқаррар мекунад», - гуфт Холиқзода.
Ӯ таъкид дошт, ки пас аз мансаби президентиро тарк гуфтан Пешвои миллат ҳамчунин барои муроҷиат ба мардуми ҷумҳурӣ, иштирок кардан дар кори чорабиниҳои муҳими давлатӣ ва суханронӣ дар онҳо ҳуқуқ дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Зафар Сияхмардов11 декабр, 2015 14:30
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат Президенти ватандуст,ғамхор,сулҳовар,роҳнамо ва Пешвои миллат мебошад. Раҳмат ба Эмомалӣ Раҳмон Парлумон ва шахсоне, ки дар атрофи роҳбари давлат заҳматҳои беандоза карданд, аз он ҷумла намонданд,ки Тоҷикистони азизу меҳрубонро ба чор тараф тақсим намоянд,намонданд либоси милли аз байн равад,намонданд расму оими миллии фарҳангии мо аз байн равад. Хулас ҳамаи мардумро сарҷам оварданд, роҳо обод шуд,нақбҳо канда шуд,зеристгоҳо сохта шуд,сохтмонҳои баландошиёна қомат афтохтанд,мактаб ва донишкадаҳои наву замонави бунёд шуд, замин ба деҳқон дода шуд, бозорҳо пур аз меваву сабзавот шуд,ятимон камбизоатон дастгири ёфтанд,сатҳи зиндагии мардум хуб шуд,сулҳ ороми пойдор гардид,мардуми Тоҷик на фақат дар байни давлатҳои осиёи миёна балки дар байни давлатҳои абалқудрати дунё обу руи баланд пайдо кард.