Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади такмили ихтисос 5 нафар кадрҳои ҷавони хизматчии давлатӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафарбар карда шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ, дар ин семинаре, ки аз 20 то 25 декабри соли равон идома меёбад кадрҳои ҷавон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.
Мутахассисон аз рӯи мавзӯи “Принсипҳои фаъолияти иттилоотии мақомоти давлатӣ” дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон давоми панҷ рӯз омӯзонида мешаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳамасола барои омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хизматчиени давлатӣ курсҳои такмили ихтисос ташкил карда мешаванд.
Интизор меравад, ки дар курси такмили ихтисос хизматчиени давлатӣ оид ба фаьолияти иттилоотии мақомоти давлатӣ, принсипҳои он, фаьолияти самараноки сомонаҳои мақомотӣ давлатӣ, истифодаи техника ва технологияи иттилоотӣ ва таҳияи варақаҳои матбуотии мақомоти давлатӣ таҷрибаи заруриро аз худ намоянд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста