Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ даъвати панҷум, ки санаи 24 декабр доир мегардад, масъалаҳои марбут ба тасдиқи 6 созишнома аз рӯи Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) баррасӣ мешаванд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ хабар дод, ин созишномаҳо иборатанд аз: Созишномаи кафолат миёни Тоҷикистон ва Бонки аурвпоии таҷдиду рушд (БАТР) аз рӯи лоиҳаи «Савдои байниминтақавии нерӯи барқ (CASA-100); Созишномаи қарзӣ миёни ШСХК «Барқи тоҷик» ва БАТР аз рӯи лоиҳаи CASA-1000; Созишномаи маблағгузорӣ миёни ҶТ ва Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд аз рӯи лоиҳаи «Интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000); Созишнома миёни Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд ва ШСХК «Барқи тоҷик» аз рӯи лоиҳаи «Интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000); Созишномаи қарзӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба ҳиссаи Тоҷикистон дар лоиҳаи CASA-1000 ва ҳамчунин қарордоди молиявӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ аз рӯи лоиҳаи «Ҳамкории энергетикӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон (CASA-1000).
Лоиҳаи CASA-1000 (Central Asia – South Asia -1000) яке аз лоиҳаҳои бузургтарини бахши энергетика дар қораи Осиё мебошад.
Бино ба эътирофи коршиносон, ин марҳилаи аввали барномаи ташкили бозори умумии энергетикӣ миёни ду минтақа - Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мебошад. Дар он транзити нерӯи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ шудааст.
Мутобиқи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳа, ки аз ҷониби як ширкати Канада таҳия шудааст, масофаи умумии хатти интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ наздики 1770 километрро ташкил медиҳад.
Барои кашидани ин хат 970 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст. Як қисмате аз сармоягузорон аллакай маълуманд, ки Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста