Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми соли ояндаи худ ба парлумонро санаи 22-юми январ ироа мекунад.
Ба ин чорабинӣ маъмулан аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд.
Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар паём президент ба масоили сиёсати дохиливу хориҷии кишвар дахл намуда самтҳои асосии рушди иқтисод, бахши иҷтимоӣ ва ҷомеа дар соли 2016-ро муайян мекунад.
Дар паёми соли ояндаи сарвари давлат ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ миллӣ дар шароити буҳрони моливу иқтисодии ҷаҳонӣ ва ҳамчунин мубориза бо терроризму ифротгароӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Ироаи Паёми президенти Тоҷикистон ба парлумон мустақиман тариқи шабакаҳои марказии телевизион ва радиои ҷумҳурӣ намоиш ва садо дода, кормандони тамоми корхонаву муассисаҳои давлатӣ ва толибилмони муассисаҳои таълимӣ онро тамошову гӯш мекунанд.
Худи ҳамон рӯз, 22 январ таҳти раёсати президент маҷлиси ҷамъбасти ҳукумат доир гардида, дар он аз нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2015 натиҷагирӣ ва нақшаҳои рушд дар соли 2016 муайян карда мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста