Дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи дуюми маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати панҷум масъалаи тасдиқи Шартнома дар бораи минтақаи савдои озоди Иттиҳоди Давлатҳои мустақил баррасӣ мешавад.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Шартномаи мазкур санаи 18 октябри соли 2011 аз ҷониби сарони 8 кишвари узви Иттиҳод - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Русия ва Украина ба имзо расида буд.
Дар он бекор шудани боҷҳои гумрукӣ барои воридот ва ҳамчунин даст кашидан аз истифодаи тадбирҳои техникиву санитарӣ ва фитосанитарӣ ба сифати монеъаҳои савдо пешбинӣ шуда буд. Санаи 31 майи соли 2013 дар бораи истифодаи Шартнома оид ба минтақаи савдои озод миёни ҷонибҳои он ва Ӯзбекистон ба имзо расид.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои ВАО-и Русия, Думаи давлати ин кишвар дар ҷаласаи рӯзи 22 декабр дар бораи мутаваққиф сохтани амали Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод бо Украина қонун қабул намуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста