Дар назди муовини Сарвазир Азим Иброҳим рӯзи 6 январи соли соли ҷорӣ ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукот оид ба иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байнидавлатӣ бахшида ба 25-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Тибқи нақша намоишгоҳи мазкур рўзҳои 9-12 июни соли 2016 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия доир мегардад.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», муовини Сарвазир таъкид доштааст, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷашн имконияти пешкаш намудани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакатро ба кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар иштирокчиёни Намоишгоҳи байнидавлатӣ фароҳам оварда, барои доираи васеи соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагони кишвар имконияти хуби пайдо кардани шарикони нави тиҷоратӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз, муовини Сарвазир ба аъзои Кумитаи тадорукот дастур дод, ки дар асоси омодагии воқеӣ, барои дар сатҳи муносиб муаррифӣ намудани кишварамон дар Намоишгоҳи байнидавлатӣ тамоми имкониятҳоро самаранок истифода бурда, илова бар ин дар майдони барои намоишгоҳи кишварамон пешбинишуда, якчанд макони гузаронидани вохӯрию муколамаҳо пурра омода карда шаванд ва барои соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ пешкаш карда шавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста