Дар Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Қонуни асосии ҷумҳурӣ (Конститутсия) омода шудааст, ки шояд тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ қабул карда шаванд.
Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони кишвар дар лаҳзаи охир вакил Маҳмадалӣ Ватанов пешниҳод намуд, ки тағйироту иловаҳои аз ҷониби як гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ ва аъзои палатаи болоии парлумон пешниҳодгардида дар кумита ва комисссияҳо мавриди омӯзиш қарор дода шуда, барои қабули онҳо санаи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ муайян карда шавад.
Манбаъҳои «Азия-Плюс» дар палатаи поёнии парлумон дар ин робита изҳор намуданд, ки лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Конститутсия махфӣ омода гардида, айни замон аз моҳияту муҳтавои он ҳатто худи вакилони мардумӣ ҳам огаҳӣ надоранд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки тағйироту иловаҳои мазкур метавонанд ба моддаҳои Конститутсия дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ (манъи бақайдгирии ҳизбҳои дорои хусусияти динӣ) дахл дошта бошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста