Палатаи поёнии парлумон дар ҷаласаи имрӯзаи худ тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди шаҳрвандӣ» ва ба Кодекси оиларо дастгирӣ намуд. Мутобиқи ин тағйирот ба қонунгузорӣ, дар ҷумҳурӣ никоҳ миёни хешу таборони наздик манъ карда мешавад.
Зимни суханронӣ доир ба ин масъала вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода изҳор дошт, ки аввали соли 2015 дар ҷумҳурӣ беш аз 30 ҳазор кӯдакони маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки аксари онҳо дар оилаҳои ҳамсарони хешу таборони наздик ба дунё омадаанд. «Минбаъд издивоҷ байни кӯдакони бародарон, кӯдакони хоҳарон, кӯдакони амаку тағо ва холаву аммаҳо манъ карда мешавад», - гуфт Салимзода.
Мутобиқи тағйироти қабулшуда, аз 1 июли соли 2016 пеш аз ақди никоҳ шаҳрвандон ҳатман аз муоинаи тиббии бепул мегузаранд. Минбаъд мақомоти САҲШ бидуни пешниҳоди чунин маълумотнома ба анҷом додани маросими ақди никоҳ ҳуқуқ нахоҳанд дошт.
Муҳоҷирони кории тоҷик, ки аз хориҷи кишвар бармегарданд, низ зимни бозгашт бояд ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста