Мутобиқи лоиҳаи тағйироти омодашуда ба Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар ихтиёри ВАО қарор гирифт, президенти амалкунандаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби сарвари давлат ба шумори номаҳдуд интихоб шуда метавонад.
Дар лоиҳаи тағйирот аз ҷумла гуфта мешавад, ки
«Дар моддаи 65:
- қисми дуюм дар таҳрири зерин дарҷ шавад:
- «Ба номзадии Президент шахсе пешбарӣ шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набошад, маълумоти олӣ дошта бошад, забони давлатиро донад ва дар қаламрави ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад».
- бо қисмати панҷум бо мазмуни зер илова шавад:
«Маҳдудиятҳое, ки дар қисми чоруми ин модда пешбинӣ шудаанд, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дахл надоранд. Мақоми ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад».
Айни замон моддаи зерин чунин дарҷ ёфтааст:
Моддаи 65
«Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 7 сол интихоб менамоянд (дар таҳрири қабулшуда дар раъйпурсии 26 сентябри соли 1999).
Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 35 кам набошад, забони давлатиро донад ва дар қаламрави ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад, метавонад ба номзадии Президент пешниҳод гардад. Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд. Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад».
Ёдрас мекунем, ки қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» ахири соли гузашта аз ҷониби парлумон қабул шуда, 30 декабр президент онро ба имзо расонид.
Қобили зикр аст, ки дар сурати қабул шудани тағйироти мазкур Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон низ ҳуқуқ пайдо мекунад, ки номзадии худро ба маъракаи интихоботи президентӣ дар соли 2020 гузорад.
Рустами Эмомалӣ соли 2020 33-сола шуда, мутобиқи Конститутсияи амалкунанда ба пешбарии номзадии худ ба мансаби президентӣ ҳуқуқ нахоҳад дошт. Бар асоси меъёрҳои Конститутсияи амалкунанда, шаҳрванди аз 35-сола боло метавонад номзадии худро ба мансаби президентӣ пешбарӣ намояд.




Ҳукумати Толибон консулгарии Афғонистон дар Хоруғи Тоҷикистонро бастааст
“Ялдо ҷашни шодиву сур аст!”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Мақомот дар хонаи як корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дуздии барқро ошкор кардаанд
Намоиш ва фурӯши маҳсулот дар Душанбе. Муқоисаи нарх ва сифати маҳсулоти ярмарка бо бозор
Ҷопон ба бахши энергетика ва гумруки Тоҷикистон қариб $8.8 млн кумак мекунад
Рустам Ятимов дар ҳафтгонаи гаронтарин дарвозабонҳои Осиё
Дар Тоҷикистон барномаи панҷсолаи рушди содирот қабул шуд. Дар он чӣ гуфта мешавад?
Ба таъхир афтодани чанд парвоз аз фурудгоҳи Душанбе дар пайи фаромадани тормеғ
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Медал”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Владимир Путин куштори Қобилҷонро “амали террористӣ” гуфт ва тафтиши беғаразонаи онро ваъда дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста