Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 15 январи соли 2016 сафири Фавқулодда ва Мухтори навтаъини Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Юе Бинро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз дастгоҳи Маҷлиси миллӣ хабар доданд, Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби Юе Бинро ба муносибати сафир таъин шуданаш шодбош гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки ӯ бо фаъолияти пурсамар дар рушду такомули муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд миёни халқу кишварҳоямон нақши сазовор хоҳад гузошт.
Дар ҷараёни мулоқот Раиси Маҷлиси миллӣ таъкид намуд, ки таҳкими муносибатҳои гуногунҷабҳа, пеш аз ҳама тақвияти робитаҳои байнипарламентии кишварҳо, тақозои замон аст.
Зикр гардид, ки дар доираи амалисозии сиёсати пайгиронаи созандаи Сарварони кишварҳо дар самтҳои мухталиф, расонидани кумакҳои техникӣ ба кишвари мо, интиқолу азхудкунии сармоягузориҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, бахусус дар сохтмони роҳҳою тунелҳо, нақлиёту коммуникатсия ва гидроэнергетика, гувоҳи равшани муносибатҳои ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд мебошанд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки кишварҳои мо дар таъмини сулҳу суботи минтақа, мубориза алайҳи даъватҳои номатлуби замони муосир омодаанд ҳамкории судманд дошта бошанд.
Дар навбати худ ҷаноби Юе Бин аз пазироӣ ва муҳтавои суҳбат изҳори сипосмандӣ намуда, аз номи Раиси Кумитаи Доимии Маҷлиси Умумихитоии Намояндагони Халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой Чжан Дэцзян паёми шодбошӣ расонид ва зикр сохт, ки кишвараш барои тақвият бахшидани муносибатҳои мутақобилан судманд бо мамлакати дӯсту ҳамсоя манфиатдор аст ва дар ин раванд ӯ ҳамчун сафир саҳми арзандаи хешро хоҳад гузошт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста