Ба ҳукумати Тоҷикистон то ҳол лоиҳаи шартнома дар бораи аломатгузоррӣ ва таъйини қисмате аз хатти сарҳади давлатӣ бо Қирғизистон дар масофаи ҳудуди 520 километр пешниҳод нашудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта ҳукумати Қирғизистон ин лоиҳаро маъқул шуморид.
«Доир ба ин масъала мо алҳол ҳеҷ қароре қабул накардаем ва аз ин рӯ ба ҳукумат ҳам чизе пешниҳод нашудааст», - иброз дошт зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон Акбар Ятимзода.
Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи кории ҳарду кишвар корҳои аломатгузорӣ ва таъйини сарҳад бо Қирғизистон дар масофаи 519,9 километрро анҷом доданд. «Дар ин масофа баъзе қитъаҳои баҳсӣ мавҷуданд. Мо ба пешниҳоди маводи таҳияшуда ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумат омодагӣ мегирем», - гуфт Ятимзода ва илова намуд, ки алҳол «санадҳои зарурӣ» аз ҷониби гурӯҳи кории кишварҳо маъкул шуморида нашудаанд, то ки онҳо ба баррасии комиссияи байниҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон пешниҳод карда шаванд.
«Ҳаллу фасли ин масъала хеле душвор аст, ҷонибҳо машғули коранд ва ман бовар дорам, ки дар гуфтушунидҳои минбаъда корҳо дар ин самт идома меёбанд», - афзуд ӯ.
Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи рӯзи 15 январи ҳукумати Қирғизистон лоиҳаи шартнома дар бораи аломатгузорӣ дар қисмате аз сарҳади давлатӣ бо Тоҷикистон дар масофаи ҳудуди 520 километр маъқул шуморида шуд . Дар ин бора хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон хабар медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста